Варорудиён-гоме ба суи фардо

Март 8, 2011

Фирдавси АЪЗАМ: «8-уми март ҷашни занони озодихоҳ буд…»


Рӯзи байналхалқии бонувон, ки ҳамасола таърихи 8-уми март таҷлил карда мешавад, дар худ басо силсилаи таърихро нигоҳ медорад. Иди мазкур дар тамоми мамолики дунё чун рамзи миллӣ, дифоъ аз ҳуқуқу ӯҳдадориҳои занон пазируфта шуда, онро бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд. Ба андешаи бархе аз коршиносон Иди байналхалқии бонувон аз дастовардҳои мубориза ва ҳаракати занон барои дифоъ аз ҳуқуқҳои хеш мебошад. (далее…)

Март 3, 2011

Армугоне аз кишвари дуст


Ба номи худованди чону хирад
К-аз ин бартар андеша барнагзарад

Пас аз 10 сол дубора барои саввумин бор бароям муяссар шуд то бори дигар ба кишвари фархангхези Ирони бузург, ки тухми мухаббати ин сарзаминро падару бобоён дар дилу чонам парвариш додаанд, сафаре дошта бошам.Сафар хадафе надошт чуз дидор бо волидон. Вакте ки ба фурудгохи Байналмилалии Машхад расидам, ачаб холате вучудамро фаро гирифт,ки гуи аз боги Фирдавси меомад.Ирон ва абармардоне чун Саъдию Хофизу, Фирдавсию Газзолию, Аттору Хайёму садхои дигарро дуруд хондам. (далее…)

Декабрь 26, 2010

Маликнеьмат : Ҳукумат бояд аз рафтани занон ба муҳоҷирати меҳнатӣ ҷилавгирӣ кунад.


Дар куи зиндагони овораанд мардум Аз бахри бурда ноне бечораанд мардум. Ф.А

Имруз дар ҷомеаи кишвар саҳми занон дар ҳама ҷабҳаҳои зиндаги эҳсос мешавад. Вале бо ин вуҷуди ширкати занҳо дар соҳоти мухталифи ҷомеа, боз мушоҳида мешавад, ки занҳои тоҷик ба унвони неруи кории арзон ба кишварҳои дур баҳри ба даст овардани кути лоямут ҳиҷрат мекунанд. Ҳарчанд, ки муҳоҷирати кори дар солҳои кабл дар Тоҷикистон кори мардон буд, аммо ҳоло бошад рафтан ба куи ҳиҷрат дар миёни занон низ «муд» шудааст. (далее…)

Декабрь 19, 2010

Публицистика С.Айни в годы ВОВ


Годы Великой  Отечествонной войны  стали новой вехой в развитии таджикской публицистики. Данный отрезок времени до сих пор не нашел  должного освещения в научных кругах и не стал объектом исследования отечественных учёных . До сегодняшнего дня в целом отсутствует цельное, комплексное, системное произведение посвященное этому периоду, имеющему  важное значение в истории таджикской публицистики военого времени. (далее…)

Декабрь 6, 2010

Ронандагии занҳо дар Суғд меафзояд


Бино ба иттилои сардори бозрасии давлатии автомобилии раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд Сафаров Мирзо Нуралиевич шумораи бонувони ронанда дар ин вилоят афзоиш меёбад.

Сафаров Мирзо Нуралиевич сардори бозрасии давлатии автомобилии раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд мегӯяд, имрузҳо таҳлилу мушоҳидаҳо ҳоки бар он аст, ки омӯхтани ронандагӣ барои ҳар як зан манфиъатовар мебошад ки ин далел бар некуаҳволии ҳаёти ҷомеа маҳсуб меёбад. «Дар ҳар як гуруҳи иборат аз 30 нафара бонувон 20-40 фоизро ташкил медиҳанд, ки ин худ гувоҳи афзоиш ёфтани мизони бонувони ронанда дар Суғд аст». (далее…)

Ноябрь 3, 2010

Мониқалами эронӣ

Filed under: Дасти дӯстӣ,Точикистон,Хучанд,Чомеа — varorudiyon @ 5:32 дп

Бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон 1-уми ноябр намоши осори ҳунарии рассоми машҳури Эрон, ҷаноби Амирҳўсайни Пироиш дар толори «Арт-галерия»-и Сомониён баргузор гардид. (далее…)

Беваҳои беманзил чӣ кор кунанд?


Масъалаи ҷудошавии оилаҳо, хусусан, оилаҳои ҷавон дар мамлакат, аз ҷумла, дар вилояти Суғд боиси ташвишу нигаронии амиқ гардидааст. Дар аксари мавридҳо баъди талоқ шудан ё бо сабабҳои гуногун бева мондан ҷавонзанон бо кӯдакони худ аз хонаҳои шавҳарони собиқашон ронда мешаванд ва боз ба хонаҳои волидон ё хешу таборонашон бармегарданд. Бинобар надонистани ҳуқуқҳои худ ҷавонзанон, махсусан, дар деҳот аз беманзилӣ овораю сарсон мешаванд ва дар баъзе ҳолатҳо даст ба худкушӣ ҳам мезананд. Дар филиали ташкилоти ҷамъиятии «Лигаи занони ҳуқуқшинос» дар Хуҷанд, ки ба аҳолии камбизоат кӯмаки ройгони ҳуқуқӣ мерасонад, ба мо даҳҳову садҳо мисолҳоро дар ин мавзӯъ оварданд, ки ба чандтои он мутаваҷҷеҳ мешавем. (далее…)

Парламенти ҷавонон Тоҷикистонро ҷавон мекунад?…

Filed under: Сиёсат,Точикистон,Хучанд,Чавонон,Чомеа — varorudiyon @ 5:09 дп

Ё ҷавонони бедори тоҷик чи таассуроте аз нишастан дар курсиҳои вакилони Маҷлиси намояндагон бардоштаанд

 

Кӯдакони амрикоӣ курсии роҳбарии Арнолд Шварстнегерро, ки раиси Иёлоти Клифорния аст, хаттӣ ва ҳам шифоҳӣ тасвир карда метавонанд  ва аз хурдӣ орзуи сиёсатмадор шуданро мепарваранд. Дар мо ба назди раисон дохил шудан ба хотири арзу шикоят аст. Сарфи назар аз ин,  насли фардои Тоҷикистон аз рӯи зарбулмасали «дер ояду шер ояд» амал карда, имконият пайдо кардааст, ки аз синни 18-солагӣ вакил интихоб шавад. (далее…)

Самолёт наафтодааст

Filed under: Овоза,Точикистон,Хучанд,Чомеа — varorudiyon @ 4:57 дп

акс вз Интернет

Овозаҳо дар бораи суқути ҳавопаймо дар вилояти Суғд асос надоранд

26-уми октябр дар шаҳри Хуxанд, овозае паҳн шуд, ки гӯё ҳавопаймое ба кӯҳи Муғул, ё кӯҳи Рухак афтодааст ва ҳама сарнишинону мусофирони он ҳавопаймо ҳалок шудаанд.

Хушбахтона, хабарнигори мо дар робита бо  ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандӣ соатӣ 18:48 дақиқа муайян кард, ки воқеан, дар кӯҳҳои Муғул (Мевағул) шахсони номаълуме оташ даргирондаанд. Бар асари ин оташ даҳҳо гектар xангалзор сӯхтааст ва зиёнҳои зиёде ба мардум овардааст. (далее…)

Октябрь 29, 2010

ДОРИЮШИ РАЧАБИЁН:Чавонони бритониёи тамоюле ба сиёсат надоранд.


Суҳбат бо рушанфикри чавони точики мукими Ингилистон чаноби Дориюши Рачабиён атрофи мавкеи насли чавони Ингилистон ва имтиёзоти ишон дар мукоиса бо чавонони точик.

Дориюши гироми, Шумо, ки чандин сол боз дар Ингилистон умр ба сар мебаред, лутф фармоеду чанд ҳарфе рочеь ба маърифати сиёсии чавонони Инглистон иброз намоед. Оё муносибати онҳо бо сиёсатмадорони кишварашон чи гуна аст? (далее…)

Следующая страница →

Тема: Rubric. Блог на WordPress.com.

Follow

Get every new post delivered to your Inbox.